Матни равон

Имрӯз, 23.02.2024 дар қисми ҳарбии 45025 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати 31-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Нахсут, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сарбозону афсаронро ба муносибати 31-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфт.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ сафарбар намуд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозон қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, ба хотири барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро қурбон карданд.

Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллӣ ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мунтазам ҷиҳати дастгирии моддии қисмҳои ҳарбӣ кӯшиш ба харҷ дода дар остонаи ҳар иду ҷашнҳо ба қисмҳои ҳарбӣ кумакҳо расонида мешавад ва ин амал дар оянда боз тақвият дода мешавад.

Дар чорабинии тантанвӣ ба сарбозони фаъол рутбаҳои нави ҳарбӣ дар вази тантанавӣ тақдим карда шуда, ҳамчунин сабозон бо туҳфаҳо ҳавасман гардонида шуданд.

Дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуда, барои болидахотирии онҳо аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанг барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2214
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3607
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:22168
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55767
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7697687

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?