30 Март 2024
Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, АП 470 ва қарори Раиси вилоят аз 5 марти соли 2024 рақами 51 бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба чакандӯзиву гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ дар вилояти Суғд давраи вилоятии Фестивали "Сад ранги чакан" рӯзи 29 марти соли равон дар боғи фарҳангу фароғати Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд.
Аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмун намояндагон фаъолона ширкат намуда ҷойҳои намоёнро ишғол карданд ва бо туҳфаю Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давоатии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.
Аз ҷумла намояндаи шаҳри Гулистон дар бахши "Беҳтарин либосҳои кӯдакона" сазовори мақоми дуюм гардид.