Матни равон

Санаи 02.04.2024 тибқи нақшаи муштараки қисми ҳарбии 45025-и КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар қисми ҳарбии 45025 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Суғд капитани адлия Асадуллозода А.А. ва подполковник Қурбонзода Хусрав командири қисми ҳарбии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021, №187 ба тасвиб расида, дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 октябри соли 2021, №485 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 18 ноябри соли 2021, №287 ба тасвиб расидааст.

Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.

Дар радифи терроризм экстремизм низ яке аз ҷиноятҳои хавфнок мебошад ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (2 январи соли 2020, №1655) мафҳуми экстремизм ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ равона карда шудааст».

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Чунончи, Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳанӯз 22 апрели соли 2002 таъкид намуданд, ки «таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давоми солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта баъзе мамлакатҳо ба арсаи амалиёти ҷинояткоронаи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ табдил ёфтанд. Дар амали чунин дастаҳо ва гурӯҳҳо самти дақиқи террористию даҳшатафканӣ ба назар мерасид. Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанӯз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд.

Созмон ёфтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо вазъи буҳронии иҷтимоию иқтисодӣ, паст рафтани сатҳи зиндагии баъзе табақаҳои аҳолӣ, низоъҳои байналмилалӣ, динӣ, нажодӣ ва иқтисодӣ иртиботи наздик дорад».

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:79
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1731
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1810
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18892
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64358
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7796748

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?