Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон имсол низ зери фазои сулҳу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.

Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб рафта, фарорасии ин иди саидро ба кулли сокинони шарафманди шаҳри Гулистон самимона табрик намуда, бароятон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракат орзу менамоем.

Доир ба фазилати ин моҳ ва рӯзи Иди саиди Фитр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд».

Ҳамчунин дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Иди саиди Фитр таъкид намуданд, ки: “Беҳтар аст, ки фарзанди солеҳ барои зинда нигоҳ доштани номи неки гузаштагон ва махсусан, падару модари худ макони зисти ятиме, оилаи бесаробонмонда ё камбизоату маъюберо обод созад, роҳеро таъмир намояд, ба маҳалле об барорад, дар бунёди муассисаи таълимиву тиббӣ ё дар таъмири он саҳм гузорад, бо ташкили коргоҳе ҷойи корӣ таъсис диҳад ё дигар амалеро анҷом диҳад, ки ба дигарон манфиат бахшад ва савоби ҷория дошта бошад.

Ин корҳо нисбат ба баргузории ҳар гуна маъракаҳои ёдбуд, оростани дастархони зоҳирпарастона ва исрофкорӣ, албатта, савоби бештар доранд”.

Хайру савобе, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр анҷом додани он зикр шудааст, садақа ба наздикон, ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон ба шумор меравад.  Барҳақ, дар ин моҳи муборак анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кумак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Бузургони мо фармудаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон беназир буда, аз фазилати ҳаҷҷи Акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри Рӯза низ савоби зиёд дорад. Чандин сол аст, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи идҳои суннатӣ корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳру шаҳракҳо, сохторҳои тиҷоратӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа, беморону барҷомондагон, ятимону пирони танҳо кумак мерасонанд. Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, маҷрӯҳону пирони танҳо, ки  дар рӯзҳои ид чашми умед сӯи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст мебошад.

Бори дигар ҳамагонро бо Иди саиди Фитр табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:295
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1418
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:295
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10468
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8219980

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?