16 Апрел 2024
Имрӯз, 16 апрели соли 2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар се моҳи соли 2024 маърӯза намуд.
Зикр гардид, ки дар давоми се моҳи соли 2024 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 19,6 миллион сомонӣ буда, 20,5 миллион сомонӣ ё ин ки 104,6 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 9,0 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.
Корхонањои саноатии шањр дар давоми се моњ дар ин давра ба маблағи 767 млн. 288,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 71,5% фоиз мебошад. Аз ин 93,0%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 7,0 фоизи он ба ҳизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 89 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 12,6 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли ҷорӣ сохтмони 4 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчун, доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумот дода шуд.
Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, пурсиш ба амал овард.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуд.
Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дастуру супоришҳоеро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят санаи 10-уми апрел баён дошта буданд расонид ва ҳамчунин ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас, дар сатҳи баланд баргузор намудани даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.