Матни равон

Санаи 05.09.2024 тибқи нақшаи баргузории маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахуст намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода иштирокдорони чорабиниро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарорасии 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ин муносибат ба самъи сокинон раоснид.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода сокинони шаҳрро ба ҷашни ҳумоюни миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона муборакбод намуд.

Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Қадамҳои нахустини Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар марҳилаи басо душвор ва ҷанги таҳмилӣ ҷараён гирифт. Хушбахтона, Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ даъват гардид ва масъулияти бузурги давлатдорию низоми ҳокимиятро ба дӯши фарзанди фарзонаю бохиради миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузошт. Маҳз, талошҳои шаборӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тақдири давлату қисмати миллати ба низои шаҳрвандӣ кашида, рӯ ба бесарусомонӣ овардаро ҳал намуда, дастоварди бузурги таърихӣ – Истиқлоли соҳибшударо ҳифзу пойдор гардонд.

Якпорчагии кишвар таъмин, хавфи парокандашавии миллат барҳам ва Ҳукумати қонунӣ аз нав барқарор гардид. Ҳамзамон, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ба мо муяссар шуд, ки дар муддати кутоҳ пеши роҳи низои даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем.

Дар қадамҳои боэътимоди баъдӣ дар кишвари мо сохтори мукаммали идоракунӣ, Ҳукумати конститутсионӣ, парламенти касбӣ, Артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд карда шуд.

Дар натиҷа мо дар зарфи беш аз се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо иртиботи мустақим дорад.

Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу субот, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми табрикотии худ ба муносибати солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли ҷомеаи шаҳрвании кишвар муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки: “Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд Ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосоро баробари ҷони худ дӯст дорем, зеро ҳар як ваҷаб замини муқаддасу зархез ва чашмасору обшорони мусаффои он манбаи ризқу рӯзӣ ва хайру баракати хонадони мо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он пушту паноҳ ва мояи сарбаландии мо ва номи неки ин Ватан рамзи сарфарозӣ ва рӯйи сурхи мо мебошанд.

Мо – фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорем”.

Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон муроҷиати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо заҳмати аҳлона дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокдорон намуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:298
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1940
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8277
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12052
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17580
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8118897

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?