14 Октябр 2024
Ба ин муносибат, ки ҳамасола санаи 14 октябр дар кишвари азизамон Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад, соҳибкорони ватани азизамон ва хусусан соҳибкорони шаҳри Гулистонро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, саодати рўзгор ва тавфиқу сарбаландӣ таманно менамоям.
Соҳибкорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, зери таваҷҷӯҳи хоси давлат қарор дорад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷўӣ менамояд».
Дастгириҳои доимии давлат имкон доданд, ки имрўз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар то 70 фоиз зиёд гардида, 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро мегирад.
Дар минбаъда низ баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои наҷиб ва созанда ба шумо бурдбориҳо ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Рўзи соҳибкорон муборак!
Саодатманду сарбаланд бошед!