24 Декабр 2024
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оилаҳои афсаронеро, ки дар вақти адои хизмати давлатӣ ба ҳалокат расидаанд, аёдат намуда, ба фарзандони онҳо туҳфаҳои солинавӣ бурд.
Аснои дидорбиниҳо бо пайвандони афсарони шаҳидшуда таъкид гардид, ки хизматҳои фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва давлату Ҳукумат хотираи онҳоро ҳамеша пос медорад.
Аз ҷониби роҳбари вилоят ба оилаҳои аёдатшуда кӯмакҳои пуливу моддӣ расонида шуд.