Матни равон

Санаи 24.12.2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқгардида курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси шаҳри Гулистон  Раъно Ҳошимзода иштирок намуда, дар мавзуӣ "Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва эҳёи давлатдории тоҷикон" ба 56 нафар шунавандагони курси мазкур дарс гуфт.

Таъкид карда шуд, ки ибтидо бо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани шахсияти баруманди Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамҳои катъӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуд.

Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии шахсияти нотакрори таърихӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассир ва натиҷабахшро дар роҳи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллӣ  эҷод намуданд.

Воқеанҳам соҳибистиқлолӣ бузургтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба шумор рафта, Тоҷикистони маҳбубамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид ва мавқеи арзандаи худро дар байни кишварҳои мутамаддини олам соҳиб шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: “Таҷлили санаи ба истиқлолияту ваҳдати комил расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”.

Бинобар ин, дар ин рӯзи баргузории солгарди навбатии  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро мебояд, ки бори дигар аз доштани Истиқлолу озодӣ шукрона намоем, бурду бохтҳои гузаштаамонро пеши назар орем, таҳлили муқосиа кунем ва барои ояндаи дурахшон нақшаҳои мушаххасро роҳандозӣ намоем.

Сараввал мо шукргузор аз он бошем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳи мо бо талошу пайкор, ҷоннисориҳо ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем, ки аз он менозему ифтихор мекунем.

Пас он лозим аст, ки маротибае ба таърих руҷӯъ намоем. Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон бо талошҳои шахсону гурӯҳҳои манфиатхоҳ он ба гирдоби кашмакашҳои сиёсӣ кашида шуда, дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Хушбахтона бо бар арсаи роҳбарияти олии кишвар омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзиашон ба ҷанги таҳмилии бародаркушӣ дар кишвар хотима гузошта шуд. Ин бузургтарин дастоварди кишвар, бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Чуноне, ки Роҳбари кишвар қайд намудаанд: “Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва оини давлатдориаш расида наметавонад”.

Хисороте, ки дар тӯли солҳои кашмакашҳои сиёсӣ дар кишвар ба миён омад, монеаи ҷиддӣ барои рушду пешрафти он гардид.

Ҳадафи нахустини ҳукумати кишвар баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба хоки Ватан буд, ки бо даъват ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо аз хоки Афғонистон дубора ба Ватан баргаштанд.

Кору пайкор ва талошҳои ҳукумати қонунӣ минбаъд барои ба даст овардани оштии миллӣ ва сулҳи комил дар кишвар равона гардида буд. Хушбахтона пас аз нишасту музокиротҳои зиёд 27-уми июни соли 1997 ин санади тақдирсоз  ба имзо расид ва дар кишвар сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ чунин ибрози андеша намудаанд, ки: “Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тадриҷ бартараф карда мешаванд”.

Дар воқеъ пас аз барқарории ваҳдати комил, сарҷамъ гардидани миллат ва фароҳам омадани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ҳамаи ҳадафҳо, нақшаву барномаҳо зина ба зина иҷро гардида истода мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тадриҷ бартараф гардида истодааст.

Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд.

Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.

Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Тибқи сиёсати башардӯстона бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид.

Илова бар ин, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ба дастовардаи кишвар ба кору пайкори Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд. Баҳри таъмини рушди босуботи кишвар бо ташаббуи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии кишвар  - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар давра ба давра эълон карда шуд.

Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз барои истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, саъю кӯшиши фаровон ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд карда шуд.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори  ҳадафҳои стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад.

Ба мақсади расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёде, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншоотҳои нақлиётӣ ба анҷом расиданд ва ё идома доранд.  Маҳз дастовардҳо дар ин самт аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо дар Осиёи марказӣ дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.

Ба ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд. Имрӯзҳо дар ин самт пешравиҳои назаррас ба чашм мерасад. дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.

Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шудааст.

Дар замони имрӯз бе рушди саноат ҳеҷ кишваре наметавонад, иқтсиодиёти худро пеш барад. Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чаҳоруми миллӣ элон намуд.

Барои марҳила ба марҳила амалигардонидани ин иқдом солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардид. Қабл аз ин иқдом ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзида барои амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф элон гардида буд. Бо омода гардидани мутахассисон ва дар доираи солҳои 2022-2026 панҷсолаи “Солҳои рушди саноат” бунёд гардидани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ заминаи устувор барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” гузошта мешавад.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳо дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,5 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.

Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат буда, дар ин давра доир ба масъалаҳои мазкур борҳо тадбирҳои амалӣ андешидаанд.

Ба шарофати соҳибихтиёрӣ бо талошҳои Пешвои миллат дар кишвар арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллӣ эҳё карда шуда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии сокинон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёд дар арсаи ҷаҳон тақвият дода шудаанд, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”, нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, "Шоҳномахонӣ", таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мунтазам рушд намуда истодааст.

Тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кардааст.

Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт ва ин омор ҳоло беш аз 4700 муассисаи тиббӣ бо 78800 кормандро дар бар мегирад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар 30 соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст. Таъмини онҳо бо шароити мусоиди таълиму тарбия зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар ин самт ҳамасола тармим, азнавсозӣ ва бунёди садҳо муассисаҳоиу таълимӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

Ба ҷуз ин самтҳое ки зикр карда шуд, дар дигар самтҳо низ дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои арзанда ба даст оварда шуд. Муҷаддадан мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин дастовардҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуданд.

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки сокинони саодатманди кишвар ба ин нуктаи ибратомӯзӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ намуда, онро сармашқи кори худ қарор диҳанд: “Ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад”.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:530
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1716
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11229
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12879
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:27691
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8372264

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?