Матни равон

Корхонаҳои саноатии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»  сарфи назар аз мушкилиҳову монеаҳо, таъсири манфии бўҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ тавонистанд дар шаш моҳи соли равон аз нақшаи дурнамо зиёд  маҳсулоти бозоргири ҷавобгўй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва молҳои ниёзи мардум истеҳсол кунанд ва аз лиҳози саҳмгузорӣ дар маҷмўи маҳсулоти саноатии вилоят нишондиҳандаро ба зиёда аз 31 дарсад расонида, миёни шаҳру навоҳии шимоли кишвар ба мақоми аввал баромаданд.

Бино ба иттилои Фазлиддин Орифов, мудири бахши саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли равон кулли корхонаҳои саноатӣ сарфи назар аз моликияташон тавлиди маҳсулотро ба маблағи 877 миллиону 419 ҳазор сомонӣ роҳандозӣ кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015 ба 142,3 дарсад баробар мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 260,7 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот тавлид шудааст.

Мудири бахши саноати шаҳр ҳамзамон афзуд, ки кормандони саноати Гулистон дар ин фосилаи вақт муваффақ гаштанд иҷрои дурнаморо ба миқдори 143,7 дарсад ва иҷрои ўҳдадориро дар ҳадди 107, 9 дарсад таъмин намоянд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар қаламрави вилояти Суғд маҳсуб меёбад.

Чун ҳамешагӣ Ширкати кўҳи-саноатии Тоҷикистону Хитой, ҶМ ТКММ «Апрелевка», «Сахо и К», ҶДММ «Хубон», ҶДММ «Чархи гандумин», ҶДММ «Фаровон», ҶДММ «Равшан» дар сафи корхонаву ширкатҳои пешсафи шаҳри Гулистон ҷой гирифта, дар заминаи талаботи бозор истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ ва молҳои ниёзи мардумро ба роҳ мондаанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:817
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4208
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5025
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26827
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13653
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:109656
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5424188

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?