Матни равон

15-уми  июли соли 2016 иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр. даъвати панҷум, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти Раёсати Раиси шаҳри Гулистон, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Дар кори иҷлосия аз 35 нафар вакилон 30 нафар иштирок намуданд. Бо садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котибот иҷлосия оғоз ёфт.

Ба баррасии иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум  чор масъала пешниҳод карда шуд.

Доир ба «Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, № 480 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайратҷон Оқилов гузориш дод. Номбурда оид ба тадбиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон  дар шаҳр, корҳои иҷрошуда доири амалисозии талаботи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо ҳарф зад.

Роҷеъ ба ин масъала вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Лоиқ », №34 Каромат Қосимова, «Гулдара» №20 Сафар Нурматов ва Акбарҷон Маллаев «Навобод», №24 ба музокира баромаданд.

Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии «Сино», №4 Мавҷуда Собирова оид ба рўзномаи дуюми иҷлосия «Дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ» баромад кард.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Ҷомӣ», №30 Дилдора Ҳомидова оид ба рафти иҷрои ваколати вакилиаш  ҳисобот дод.

Ҳамзамон, вакилон як қатор қарорҳои Раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.

Дар иҷлосия муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода иштирок ва баромад кард.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар интиҳои иҷлосия таъкид дошт, ки сокинони шаҳр ҷашни ҳумоюни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол мегиранд ва саҳми амиқи худро дар ободии Тоҷикистони азиз, боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа мегузоранд.

Бо садо додани Суруди миллӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр. даъвати панҷум ҳусни анҷом ёфт.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1103
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4208
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1103
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27678
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13939
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:109656
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5424474

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?