Матни равон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи ҳисоботӣ роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа намояндагони сохторҳои мақомоти маҳаллӣ, ниҳодҳои қудратӣ, Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайратҷон Оқилов доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нуҳмоҳаи соли 2016 маърӯза намуда, зикр кард, дар ин марҳила дар натиҷаи татбиқи саривақтии вазифаҳои муайяншуда ба дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои хуб муяссар гардид. Мавсуф зикр кард, ки дар нуҳмоҳа ба қисми даромади буҷети давлатӣ 66,8 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт ва он баробар ба 102,8 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Ба буҷет 1 млн. 849,2 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гашт. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 100,1% иҷро шуда, ба ду соҳҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 13,5 млн. сомонӣ, ё 68,8% маблағи буҷет равона гашт.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми нуҳ моҳи соли 2016 ба маблағи 1 миллиарду 430 миллиону 276,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 139,3 фоизро ташкил дод ва ин нишондиҳанда ба маблағи 403 миллиону 332,9 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бо 22 кишварҳои ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доштанд. Ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 150 миллион доллар, воридот бошад 32,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 4,6 маротиба зиёд гардид. Дар маҷмӯъ нақшаи дурнамои корхонаҳои саноатии шаҳр 153,4% аз тарафи  13 корхонаҳои саноатӣ ва уҳдадории корхонаҳо 115,0% аз тарафи 10 корхонаҳо таъмин гардид. Саноатчиёни шаҳр дар нуҳмоҳа 30,4%-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғдро таъмин намуданд.

Ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2016, дар маҷмӯъ дар шаҳри Гулистон 112,6%, аз ҷумла пардохт дар байни аҳолӣ 107,2% буда, аз тарафи корхонаҳои саноатӣ пардохт 120,1% таъмин шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 19 иншоотҳои истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар ин давра ба маблағи беш аз 49 миллион сомонӣ ба иҷро расид.

Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 108 чорабиниҳои гуногуни тарғиботиву ташвиқотӣ ва зиёда аз 373 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ба роҳ монда шуд.

Муассисаҳои таълимии шаҳр  бо 425 компютер, 77 принтер таъмин буда, ба 9 нафар хонанда 1 компютер рост меояд. Барои муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ ва лабораторияҳои муассисаҳои таълимии маркази шаҳр 140 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шудааст.

Барои таъмиру тармим, харидани либосҳои саҳнавӣ ва дигар маводҳои зарурӣ ба бахши фарҳанги аз буҷети шаҳрӣ 243 ҳазору 163 сомонӣ маблағ пардохт гардидааст.

Барои иҷрои Барномаи шаҳрии «Соли 2016 – Соли фарди солим” дар маҷмӯъ барои тармиму таҷдид ва харидани таҷҳизоти тиббӣ 680 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ пешбинӣ гардида, барои рушд, тармиму таҷдид ва харидани таҷҳизот ба иншооти тандурустӣ беш аз зиёда аз 456 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағ интиқол гардид. Аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои шаҳр ба муассисаҳои тандурустӣ таҷҳизоти тиббӣ, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ёрирасон ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ харида шуд.

Барои муташаккилона фасли зимистон ба муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг барои харидории ангишт ва сӯзишворӣ 115 ҳазору  677 сомонӣ  маблағ ҷудо гардида, ба миқдори  270 тонна ангишт, 274 метри мукааб ҳезум ва  810 литр сӯзишворӣ ва дигар маводҳо зиёда аз нақша захира гардид.

Тибқи Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳр 60 дар сади кормандонро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар соҳаи хизмати давлатӣ 45 нафар занҳо аз ин 9 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошад. Ҳоло дар соҳаи маориф 87%, дар соҳаи тандурустӣ 81%, хизматчиёни давлатӣ 47%, соҳибкорон 40%, дар соҳаи фарҳанг 54% бонувон фаъолият мебаранд. Шумораи занони роҳбар бошад беш аз ба 50 нафар расида, дар маҷмӯъ 37 дар сади роҳбаронро ташкил дода, ҳамзамон дар шаҳр 37 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машғул мебошанд.

Дар шаш Ҷамоати шаҳракҳо Маркази таълимии қолинбофӣ ва адрасбофӣ ташкил шуда, дар он 19 дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ амал карда, 120 занону духтарон машғули кор ва касбомӯзӣ мебошанд. Лоиҳаи як нафар бонуи ҳунарманд аз шаҳраки Сирдарё оид ба ташкили маркази адрасбофӣ ва ҳунарҳои дастӣ, сазовори гранти Раиси вилоят ба маблағи 5000 ҳазор сомонӣ гардид.

Варзишгарони гулистонӣ дар 31 мусобиқаҳои шаҳрӣ, дар 10 мусобиқаҳои вилоятӣ, дар 4 мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва дар 2 мусобиқаи байналмиллалӣ ширкат варзиданд. Дар ин мусубоқиҳо дар маҷмӯъ ба гирифтани 191 медали тилло, 165 медали нуқра ва 217 медали биринҷӣ сазовор гаштанд.

Дар шаҳр 2 нафар гирандаи стипендияи президентӣ, 25 нафар гирандаи стипендияи раиси шаҳр ва  10 нафар гирандаи идрорпулии КИ ҲХДТ буда, аз ҷониби раиси шаҳр ба 25 нафар гирандаи стипендияи Раиси шаҳр ба ҳар яке 250 сомонӣ маблағ дода шуд.

Рушди туризм дар шаҳр сол аз сол густариш меёбад. Дар нуҳ моҳи соли 2016 ба минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳр расман 16456 нафар, аз ҷумла 2703 нафар хориҷиён ташриф оварданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3154 нафар зиёд мебошад. Маблағи воридшуда аз ташрифи сайёҳон 15 миллину 393,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 2 миллину 641,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳудуди шаҳр алъон музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 1683 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 299 сомонӣ зиёд мебошад. Музди меҳнати кормандон дар корхонаҳои саноатӣ 2493 сомонӣ, сохтмон 1172 сомонӣ, муассисаҳои тандурустӣ 840 сомонӣ, осоишгоҳҳо 940 сомонӣ, маориф 718 сомонӣ, фарҳанг 565 сомониро ташкил медиҳад. Шумораи умумии кормандони дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 10235 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 357 нафар зиёд. Ҳамзамон, дар  ҳудуди шаҳр 912 нафар шаҳрвандони бекор ба қайд гирифта  шуда, 596 нафар  расман мақоми бекорӣ дорад. Дар қайди шуъбаи агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр 3283 нафар нафақахӯрон буда, ҳаҷми миёнаи моҳонаи нафақа 269,2 сомониро ташкил медиҳад. Талаботи нафақа ва кӯмакпулӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 7,9 миллион сомониро ташкил дод ва он бо пуррагӣ маблағгузорӣ шудааст.

Дар давоми нуҳ моҳ барои дастгири ашхоси ниёзманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаю ташкилотҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ ба 2747 оилаҳои камбизоат ба маблағи 375 511 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. Инчунин бо қарори Раиси шаҳр ба 50 нафар  ниёзмандон 19 950 сомонӣ кӯмапулӣ ҷудо ва дастрас карда шуд. Барои дастгирии донишҷӯёни  ниёзманди гулистонӣ, ки дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил доранд, аз буҷети маҳаллӣ 22 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ба 944 оилаҳои камбизоат ба маблағи 98544 сомонӣ  ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ дода шудааст.

Дар маърӯза ҳамчунин фаъолияти дигар соҳаҳои хоҷагии халқ муфассал мавриди таҳлил қарор гирифт. Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни музокираи маърӯза аз сардори Нозироти андози шаҳр С. Калонзода, мудири бахши саноат ва энергетика Ф. Орифов, директори корхонаи ҶСШК «КНФЛ» А. Ҷалолов доир ба камбудиҳои фаъолияти соҳа пурсиш ба амал оварда, роҷеъ ба таъмини сифатноки андозҳо, бақияи маҳсулоти тайёри корхонаҳо, банақшагирии дурнамоҳо, вазъи даъвати баҳорона, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, густариши корҳои бунёдкорӣ, ташкили марказҳои бойторӣ, раванди маъракаи обуна ба матбуоти давр, тақвияти корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, вусъати корҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва амсоли ин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳри Гулистон муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода иштирок ва баромад намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:212
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2772
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4865
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26649
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7995
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:107523
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5737000

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?