05 Июн 2017
Дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Гулистон Муҳсин Раҳматов дар чемпионати ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе аз рўйи намуди каратэ WKF бомуваффақият баромад намуда, дар вазни 55 килограмм чемпиони Тоҷикистон гардид. Амр Дадабоев, Эмомалӣ Очилов бошанд, мутаносибан дар вазнҳои худ ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд.