zoofirma.ru

Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода 18-уми июни соли 1968 дар ноҳияи Панҷ дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1996 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ ва соли 2011 Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси саноати кӯҳӣ хатм намудааст. Хатмкунандаи Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия мебошад. Алҳол шунавандаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия ба номи Серго Ордҷонкидзе мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1985 оғоз намудааст. Солњои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Аз соли 1993 то соли 1995 ба ҳайси сардори ишуъба дар ҶСК “Темурмалик” кор кардааст.

Солҳои 1995-1996 муҳандиси бахши банақшагирӣ-истеҳсолӣ, меъморию шаҳрсозии сарраёсати шаҳрсозии Ҳукумати вилояти Ленинобод ва аз моҳи феврали соли 1996 то моҳи октябри соли 1996 дар вазифаи директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Бахтиёр”-и шаҳри Гулистон (Қайроққум) фаъолият намудааст. Солҳои 1996-1999 дар корхонаи муштараки “Апрелевка” дар вазифаи нозир ва сипас сармеханик кор кардааст. Аз моҳи декабри соли 1999 то санаи 18-уми ноябри соли 2020 дар вазифаи директори генералии Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадаи дорои масъулияти маҳдуди “Апрелевка”-и шаҳри Гулистон фаъолият дошт.

Вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон мебошад. Бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми ноябри соли 2020, №78 ба вазифаи Раиси шаҳри Гулистон таъин гардидааст.