Матни равон

Корвони китоби «Тоҷикон»-и академик Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Гулистон бо теъдоди беш аз 11,3 ҳазор нусха ворид гардид. Қобили зикр аст, ки теъдоди воридшуда ба ҳар як хоҷагии шаҳр кофӣ мебошад. Аз Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии Рукмина Сафарзода муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташриф оварда, ҷиҳати ба қайд гирифтан ва ба ҳар оилаи шаҳр расонидани туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллат ба гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ёрии амалӣ расониданд.

Ёдовар мегардем, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида, ба ҳар як оила кишвар тақдим намоянд. Дастрас гардидани ин китоб ба аҳолӣ яке аз иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб рафта, сокинон низ бо хушнудии зиёд туҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфтанд.

Шоҳасари «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накарда ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи натанҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст.  Китоби «Тоҷикон» аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз Сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар он дарҷ гардидааст. Хизмати аввалиндараҷаи академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳифозати таърихи миллати тоҷик дар ин китоб инъикос гардидааст. Китоби «Тоҷикон» воқеан ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки китоби «Тоҷикон» соли 1972 ба забони русӣ, солҳои 1983 ва 1985 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Ин китоб дар илми таърихшиносии ватанию хориҷӣ шуҳрати бузург касб кардааст. Чунки муаллифи он таърихи халқи тоҷикро дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқ карда, аз маводи фаровони таърихӣ, этнографӣ, лингвистӣ, бостоншиносӣ ва мадраку манбаъҳои зиёди таърихӣ истифода бурдааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров тавассути ин шоҳасари худ тоҷиконро ба ҷаҳониён ба таври мукаммал муаррифӣ намуда, дар асоси сарчашмаҳои илмӣ нақши онҳоро дар рушди тамаддуни башарӣ арзишманд арзёбӣ кардааст.

Пешвои муаззами миллат дар сароғози китоб зикр намудаанд, ки: “Бовар дорам, ки чопи нави китоби “Тоҷикон” баробари дастраси ҳар як хонаводаи тоҷик гардидани он мавриди истиқбол ва мутолиаву омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун махзани маърифат барои шиносоӣ бо таърихи пурифтихори ин халқи тоҷвару тоҷдор, фарҳангиву тамаддунсоз ва ҳунарманду кишоварз хидмат менамояд”.

Сокинони шаҳри Гулистон туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ истиқбол намуданд. дар вазъи тантанавӣ ба Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ шоҳасари “Тоҷикон” тақдим гардид. Ҳамчунин, дар вазъи мутантан ба 7 нафар собиқадорони меҳнат ва шахсони барӯманди маркази шаҳр низ ин туҳфаи арзишманд супорида шуд. Собиқадори меҳнат Каромат Қосимова зикр намуд, ки: “Сокинони шаҳри Гулистон аз ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳар оила дастрас намудани китоби “Тоҷикон” басо хушнуд ва сипосманд мебошанд. Мутолиаи ин китоби пурарзиш бори дигар моро аз таърихи миллати хеш ба куллӣ огоҳ мегардонад. Насли наврас ба хусус ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, аз корнамоиҳои ниёгони хеш баҳра бурда, дар оянда барои пешравии кишвар кӯшиш мекунанд”.

Ҳамчунин, раисони ҷамоати шаҳракҳо бо нақлиётҳои орододашуда бо шиору овезаҳо ва парчамҳои миллӣ китобҳои ба ҷамоати шаҳракҳо тақсимгардидаро қабул намуда, барои расонидан ба ҳар як оила сафарбар карда шуданд. Раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сарҳад Баротзода қайд намуд, ки имрӯз бо рӯҳияи баланди идона мо туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қабул намудем ва мардуми шаҳрак бо шавқи зиёд интизори мо ҳастанд. Мо шоҳасари “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуровро аз номи Пешвои муаззами миллат ҳамчун туҳфаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон мерасонем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақдими шиносномаи миллат – шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров изҳори самимии миннатдорӣ баён менамояд. Итминони комил дорем, ки мутолиаи китоби мазкур дар ниҳоди ҳар хонандаи худ меҳру муҳаббатро нисбат ба Ватан меафзояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1040
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15394
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22030
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37424
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:109622
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5557581

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?