Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр доир ба пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, экстремизму терроризм ва таҳдиди он ба амнияти давлат мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки  ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020” қабул намуд. Стратегияи зикршуда ҳамчун санади дорои хусусияти барномавӣ мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”,  ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 10  октябри соли 2024 дар толори кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр бо ҷавонони  МТМУ №14-и маркази шаҳри Гулистон  хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, ёрдамчии прокурори шаҳри Гулистон Ғоибназарова Гулчеҳра,  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД Матлуба Сатторова ва нозири калони кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Содиқзода Рухшона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон  Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  бо иштироки  муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода баргузор гардид.

Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.

Ҳайати раёсати кори конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод ва аз ҷониби вакилон қабул гардид.

Имрӯз 06.10.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон,  бо роҳбарии мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Гулистон як гурӯҳ занон ва собиқадорони меҳнат ҷиҳати  расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили  хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.

Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта ба қатори дастовард ва  боигариҳои Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Кишоварзони пахтакори вилояти Суғд  тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки нисбат ба давраи соли гузашта  имсол низ натиҷаи дилхоҳ бадаст оваранд.

Имрӯз 06.10.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон,  ҷавонони шаҳри Гулистон, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ  ҷиҳати  расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили  хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.

Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта ба қатори дастовард ва  боигариҳои Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Кишоварзони пахтакори вилояти Суғд  тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки нисбат ба давраи соли гузашта  имсол низ натиҷаи дилхоҳ бадаст оваранд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3213
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:12550
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24290
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9713
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53784
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8329885

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?