15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов, Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Маҷористон Рона Отта Иван, Испания Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, Таиланд Чатчаван Сакорсин, Марокаш Муҳаммад Рашид Маанин, Бразилия Олинсо Виейра ва Доминикан Франк Ҳанс Данненберг Кастелянос, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.