Матни равон

Санаи 16.05.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ҳузур оварда бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фаъолияти мактаби мусиқӣ ва ҷараёни корҳои кашидани хати нави оби нӯшокӣ дар шаҳрак шинос шуд.

Нахуст аз рафти корҳои сохтмонӣ дар марказҳои хизматрасонӣ дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои асосии бунёди биноҳо ба охир расида, корҳои таъмирӣ ҷараён доранд ва дар соли 2025 ба истифода дода мешаванд.

Дар шаҳраки Чоруқдаррон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 12 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 8 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар соли 2025 тибқи нақша бояд 3 иншоот ба истифода дода шавад.

15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо оилаҳои барӯманду намунавӣ - оилаи Мамадҷоновҳоро дидор кард ва онҳоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд.

Оилаи Мамадҷоновҳо яке аз оилаҳои намунавии шаҳри Гулистон мебошанд.

Мамадҷонов Исмоил Иброҳимович ва Қосимова Каромат Маҳмудовна тули 48 сол зиндагии якҷоя дошта, соҳиби се фарзанд, ду духтар ва як писар, 10 набера ва 3 абера мебошанд.

Мамадҷонов Исмоил Иброҳимович беш аз 45 сол собиқаи корӣ, ҳамчун духтури ҷарроҳ дар шаҳри Гулистонро доро мебошад ва алҳол низ фаъолияти меҳнатии худро идома дода истодааст. Мавсуф тули ин солҳо шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба халқ хидмати софдилона намуда истодааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-юми январи соли 2025, таҳти рақами 709, қарори Раиси вилояти Суғд аз 31-уми январи соли 2025, № 33, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 12-уми марти соли 2025, №57 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» санаи 13.05.2025 даври шаҳрии озмуни оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии озмун муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, устодони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», мудири шуъбаи маорифи шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону хонандагон бо шукуҳи хосса дар Кохи "Истиқлол" иштирок намуданд.

Муслимахон Ҷамолиён муовини Раиси шаҳр зикр намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо сарпарастӣ ва ташаббусҳои маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, густариши маърифати китобдӯстию китобхонӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон дар самти илмомӯзӣ ва фарҳангу адаб равона гардидааст.

Санаи 14-уми майи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол”-и маркази шаҳр дар асоси фармоиши Раёсати фарҳанги вилоят таҳти №34 ва фармоиши бахши фарҳанги шаҳри Гулистон таҳти рақами №15 даври шаҳрии озмуни вилоятии “Шукуфаҳои Истиқлол” бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, директори китобхонаи вилояти бачагона ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Муродзода Муаззам, собиқадори соҳаи китобдорӣ Усмонова Мақсуда, сардори шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиётҳо Бобоҷонова Биорифа, сардори шуъбаи хизматрасонии синни томактабӣ Турсунова Саодатхон, мудири шуъбаи маориф Каримӣ Дилрабо байни 10 нафар тарбиятгирандагони гурӯҳи тайёрӣ ба мактабии кӯдакистонҳои шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Иштирокчиён аз рӯи 5 шарти озмун муаррифӣ намудани худ, қироати шеър аз ашъори шоири бачагона Наримон Бақозода, кашидани расм дар мавзуи “ Рамзи сулҳ”, аз рӯи расм ботартиб ҷобагузории реҷаи худ, иҷро кардани рақс ва ё суруд дар оҳанги миллии кӯдакона қувваозмоӣ намуданд.

Имрӯз, 15.05.2025 дар толори кохи фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон, дар доираи моҳвораи ҷавонон ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолӣ давлати ва амнияти миллӣ" конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат ва дигар кохонаву муассисаҳо баргузор гардид.

Дар кори  конференсия муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон,   Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, намояндаи комиссарияти ҳарбӣ Кассиров Парвиз, мудири бахши бойгонӣ Абдуллоев Муродҷон ва раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Баротзода Сарҳад иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки боиси хушнудии мо ҷавонон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, баҳри бо сифати баланди касбӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои пайваста ва судманду таъсирбахш, ки маҷмуи онҳо аз дастуру супоришҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, нақш ва ҷойгои ҷавонон дар ҷомеаи муосир мустаҳкам мегардад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1901
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2630
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10978
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13755
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40495
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8716916

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?