Матни равон

Дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои Гулистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ баргузор шуд.

Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки олимону адибони шинохтаи вилоят санаи 15-уми ноябр соати 10:00 дар толори ШВКД-и шаҳр, санаи  16-уми ноябр соати 10:00 дар осоишгоҳи «Баҳористон», соати 14:00 дар Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ бо сокинон, истироҳаткунандагон, омӯзгорону донишҷӯён вохӯриву мулоқотҳо ба роҳ монда шуд.

Рӯзи 17-уми ноябри соли 2016 дар қаламрави шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Парчам- рамзи давлатдорӣ ва ҷовидонии миллат».

баргузор гардид. Дар 43 ҷомеаҳои меҳнатии корхонау ташкилот, муассисаву идораҳо бо иштироки кормандон чорабини ҷараён гирифта, дар хониши сиёсӣ тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод ва шоира, сарвари осорхонаи адибони вилоят Муаттар Ғаниева ва тарғиботчиёни маҳаллӣ баромад карда, роҷеъ ба рамзи давлатӣ, таърихи парчамдории тоҷикон, Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон ва монанди ин суханронӣ намуданд.

Дар толори маркази фароғатии «Соҳил» бахшида ба Рӯзи милитсия чорабинии тантанавӣ баргузор гардмид. Раиси шаҳри Гулистон матлубахон Амонзода ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Гулистонро ба муносибати иди касбиашон муборакбод намуда, зикр кард, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои зарин навишта шудааст.

Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ он доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои онҳоеро, ки сари гаҳвораи ин ниҳоди муҳими давлатӣ буданд, бошарафона идома медиҳад.

Даври якум ва дуюми озмуни  ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон» дар шаҳри Гулистон ба анҷом расид. Даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардида, дар давраи дуюми озмун (шаҳрӣ) омӯзгорон аз аз муассисаҳои таълимии № 1, 3, 5, 7, 8, 10, 12, 13, 14 ва гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.

Ғолиби озмуни давраи дуюм намояндаи гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омӯзгори фанни математика Раҳима Қодирова гардид. Ҷойи дуюм насиби омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ № 8 Нилуфар Боева, ҷойи сеюм насиби омӯзгори фанни забон ададбиёти тоҷики МТМУ № 7 гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъолу беҳтарин омӯзгорон Рухсора Мирзалиева аз МТМУ № 14 ва Муҳаббат Ниёзова аз МТМУ № 3 барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаву туҳаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон озмуни «Тирмоҳи зарин» дар байни муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар омун дастаҳои дӯстдорони табиати МТМУ № 1, 5,7, 8,12, 13, 14 ва гимназияи №1 фаъолона иштирок намуданд. Дастаҳои аз рӯи чор шарти озмун байни ҳам қувва озмуда, гӯшаҳои рангини бахшида ба табиати нотакрори диёр, муҳофизати муҳити зист омода кардаи худро ба маърази умум гузоштанд.

Ҳамчунин, хонандагон байни ҳам дар пурсишҳо аз фанни экология ва биология иштирок карда, дониши экологии худро санҷиданд. Дастаҳои мактабиён рисолаву рефератҳои худро дар мавзӯи муҳити зист ва экология ҳимоя карда, маҳорати худро дар ороиши гулҳои тубакӣ ва сабадгулҳо намоиш доданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3482
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4273
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:22597
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23231
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7755
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:109656
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5418290

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?