Матни равон

Бо ибтикори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба Иди Меҳргон дар майдони бозори шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои мақомоти маҳаллӣ, ниҳодҳо қудратӣ, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва сокинони маркази шаҳр иштирок намуданд.

Дар ярмарка-фурӯш маҳсулоти корхонаву муассисаҳои шаҳр ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳамсояноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсулоти худро бо нархҳои нисбатан ба бозор ба андозаи 15-20 фисад арзон ба харидорон пешкаш намуданд. Дар ярмарка-фурӯш маҳсулотҳои мавриди ниёз ва кишоварзӣ, ба миқдори 4 тонна орд, 500 килограмм равған, 5 тонна пиёз, 3 тонна картошка, 1 тонна сабзӣ, 1 тонна себ, 500 килограммӣ ангур, бодиринг, помидор, карам, 400 килограмм моҳӣ, 500 килограмм асал ва монанди ин ба фурӯш бароварда шуд. Сокини маркази шаҳр Саёҳат Бадалова нисбати ташкили ярмарка-фурӯш ибрози андеша намуда, аз ҷумла чунин зикр дошт:

Дар идомаи қарори Раиси вилоят оид ба эълони Соли роҳҳои обод як қатор роҳҳои автомобилгарди шаҳр таъмир гардида истодаанд. Аз рўи нақша бояд 45 км роҳҳо, аз ҷумла 2 км-таъмири асосӣ, 23 км таъмири ҷорӣ, 20 км, шағалпўш карда мешаванд.

Тибқи иттилои ба мо расида то ба имрўз 49 км роҳҳои автомобилгарди Ҷамоати шаҳракҳо таъмиру тармим гардиданд, ки аз ҷумла 3 км таъмири асосӣ, 21 км таъмири ҷорӣ, 25 км шағалпўш шуданд.

Забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонӣбуда, тамоми дигаргуниҳои ҷомеа дар он инъикос меёбанд. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша маркази таваҷҷўҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо арзёбӣ намудаанд.

Ҳанўз, 22 июли соли 1989 дар ҷаласаи Шўрои Олӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Ин иқдом пеш аз ҳама ба таҳкими давлатдорӣ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиноси мо равона гашта, аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд. Бо дарназардошти тақозои замон зарурияти дохил намудани тағйиру иловаҳо ба забон ба миён омаданд.Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 қабул гашта,ҳар сол дар ин сана Рўзи забони давлатӣҷашн гирифта мешавад.

Устодони арҷманд!

Муаллимони гиромӣ!

Пешаи наҷиби омўзгорӣ, кору пайкори ҳамарўзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрўзӣва сўхтану сохтанҳои ў, заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиром мебошад. Омўзгор машъали фурўзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад.Муаллими асил ба ҳукми боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.

Қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 6 сентябри соли 2016, таҳти №233 «Дар бораи натиҷаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ, тайёрии тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар соли таҳсили 2015-2016 ва вазифаҳои минбаъда барои соли таҳсили 2016-2017».

Тибқи қарори мазкур нақша-чорабиниҳо таҳия ва шуъбаи маориф, Ҷамоати шаҳракҳо, комиссариати ҳарбӣ, ташкилоти мададгори мудофиа ва бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ вазифадор гардиданд, ки дар роҳандозии бандҳои қарор тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3481
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4273
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:22596
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23231
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7754
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:109656
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5418289

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?