Имрӯз, 22.03.2025 дар шаҳри Гулистон Ҷашни Наврӯзи байналмилал бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо иштирок доштанд. Ҳамчунин, меҳмонон аз кишварҳои Эрон, Руссия, Беллоруссия ва Ӯзбекистон ва оммаи васеи сокинони шаҳр ба тамошои тантанаҳои идонаи наврӯзи шаҳрӣ омада буданд.
Меҳмононро санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо навои карнаю сурнай дар ҷашнгоҳ пешвоз гирифтанд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз меҳмононро ба ҷашнгоҳ хайрамақдам гуфтанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Вохӯрӣ доир ба шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии кишвар "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ва шарҳи як қатор қонунҳо дар шаҳраки Чоруқдаррон
- ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЭҲЁГАРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ
- ВАТАН ҲАР ГУШААТРО САРЗАБЗ ХОҲЕМ КАРД