Ҳамдиёрони азизу гиромӣ!
17 июли соли равон кулли мусулмонони олам, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Фитрро баъди ба ҷо овардани фаризаҳои рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо фараҳмандӣ ва тантанаву шукӯҳ ҷашн мегиранд.
Фармудаҳои шариат дар мавриди моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки таълимоти ислом аз рузи ба вуҷуд омаданаш саршори ғояҳои хайру эҳсон ва накӯкорӣ мебошад. Ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону барҷомондагон, кӯмаку ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон дар ин моҳи шариф барҷаста ба назар мерасанд.