Матни равон

Ассалому алейкум ҳамшаҳриёни азиз!

Мардуми шарифи Қайроққум чун дигар сокинони Тоҷикистон ва мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон Иди Қурбонро ки саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд. Ба муносибати Иди саиди Қурбон ҳамаи Шумоёнро ҳамдиёрони азиз самимона табрик мегӯям ва ба ҳамаатон хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу менамоям.

«Рӯзи Рӯдакӣ» дар ҚайроққумДар боғи фарҳангу фароғатии «24-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» таҳти унвонии «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт…» чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд.

Чорабинӣ бо сухани муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов ифтитоҳ ёфта, мавсуф роҷеъ ба рӯзгору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, замони аҳди Сомониён, суханварони ҳамасри устод андешаҳои ҷолиб баён кард. Таъкид шуд, ки маҳз бо шарофати замони соҳибистиқлолӣ шеъри ноби тоҷикӣ, мақоми Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи баланд арҷгузорӣ мешавад.

Кӯмак ба 100 нафарФарҳанги бузурги то исломии миллати мо ва ҳамчунин замони исломӣ тарғибгари ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстон, дилсӯзию ғамхорӣ ба беморону нотавонон ва ёди хайр аз гузаштагонро талқин мекунанд.

Бо арҷгузорӣ ба суннатҳои зикр гардида Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи Иди саиди Қурбон хайру эҳсонро самти асосии фаъолияти худ қарор дода, зиёда аз 100 нафар ашхоси ниёзманд ва оилаҳои нодор бо кӯмаки моддӣ фаро гирифта шуданд.

Аз 12 то 14 сентябр дар шаҳри Истаравшан чемпионати кушоди вилоятӣ оид ба навъи гуштини миллӣ ва камарбандӣ доир шуд.

Дар он аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон  низ варзишгарон иштирок намуданд. Теъдоди умумии варзишгарон зиёда аз 1000 нафар буд. Намояндагони шаҳри мо Мария Седунова аз рӯи вазни хеш бо ҳарифон бартарӣ нишон дода, соҳиби ду медали тилло ва Шоҳида Қушмуродова медали биринҷию туҳфаҳои хотиравиро сазовор гардиданд.

Рӯзи ягонаи ахборЗабони тоҷикӣ-форсӣ аз зумраи забонҳои маъруфи олам аст, ки бештар аз 100 миллион одам бо он гуфтугӯ мекунад. Ва метавон иброз дошт, ки яке аз забонҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳаст. Соли 1989 забони тоҷикӣ ҷойгузини мақоми дарёфт ва ба рисолати ҳақиқии таърихии худ расид…

Чунин буд мӯҳтавои суҳбате, ки 17 сентябр дар Рӯзи ягонаи ахбор ба вуқӯъ омад. Тарғиботчиён Б.Юлдошев, директори Ширкати давлатии суғуртаи вилоят, А.Ҳасанов, доктори илмҳои филологӣ, устоди ДДХ ва М.Бобоева, дотсенти ДД Хуҷанд, ба номи Б.Ғафуров дар мавзӯи «Забони миллат-ҳастии миллат» назди кормандони Маркази саломатӣ ва бахши фарҳанг баромад намуданд. Дар интиҳо маводи «Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ» мавриди мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:395
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4377
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10373
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:33578
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:126162
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:126047
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5981214

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?