Матни равон

Саҳм дар иҷрои қарорҶиҳати амалисозии қарори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таҳти №1, аз 5 январи соли 2015 оид ба ҳадафи густариши варзиш ва таблиғоти тарзи ҳаёти солим «Дар бораи эълон намудани Рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ» дар шаҳраки Зарнисор тадбирҳои  зиёде  роҳандоз ӣ мешавад.

-Шанбеи  чоруми ҳар моҳ бошандагони шаҳрак ба майдончаҳои варзишӣ баромада аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш байни ҳам қувва меозмоянд. Хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 10, 6, 15 ва кормандони Ширкати куҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой аз фаъолони мусобиқаҳои варзишӣ ҳастанд, - аснои суҳбат иброз дошт, раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Шаҳло Шарифова.

Ҷамъбасти озмуни «Китобдори беҳтарини сол»Дар озмуни «Китобдори беҳтарини сол», ки Раёсати фарҳанги вилоят ба ифтихори «Соли оила» дар шаҳри Хуҷанд доир намуд, намояндагони 12 шаҳру навоҳӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиён аз рӯи  чор шарти озмуни маҳорату истеъдодашонро нишон доданд. Сардори толори хониши китобхонаи марказонидашудаи бахши фарҳанги шаҳр Кифоят Мирзоқулова  сазовори Шоҳҷоиза гардид.

Гузоштани санги асос барои бунёди мактаби санъати бачагона30 октябри соли равон дар шаҳри Қайроққум, дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни 21 – умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдоди фараҳбахше ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷониби Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ва роҳбари ширкати «Ал - Шафар» Ҷаноби Аҳмад-ал-Шафар санги асос барои бунёди мактаби санъати бачагона гузошта шуд.

Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум дар назди иштирокчиёни чорабинӣ суханронӣ кард. Раиси шаҳр оғози иншооти фарҳангиро ба кулли сокинони шаҳр муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро идома дода, маблағгузории соҳаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта 10 фоиз зиёд пешбинӣ намуда буд.

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум  (даъвати панҷум)30-уми октябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) доир гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода  кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ вакилон котиботи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз хафт банд тасдиқ намуданд.

Дар остонаи қарни ХХI ҳалли проблемаҳои экологӣ, бедорсозии ҳиссиёти табиатдӯстии аҳолӣ ва вусъати маърифати экологӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтанд.

Қарори Раиси шаҳри Қайроққум, ки 1 сентябри соли равон, таҳти №210 ба тасвиб расида буд фарогири Барномаи давлатии экологӣ бо ҳадафи амалисозии ташаккули афкори экологӣ мебошад. Назорати иҷрои қарор ба зиммаи Бахши ҳифзи муҳити зист вогузор гардидааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1454
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5042
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6496
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:34098
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:143875
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:139749
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6274234

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?