Матни равон

Мубориза бар зидди коррупсия – кори умумДар Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Қайроққум бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова, мудири шӯъбаи кор бо бонувони КИ ҲХДТ Саёҳат Бадалова ва мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и  шаҳр Муслимахон Исоқова вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.

Дар мавзӯи «Мубориза бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост» Каромат Қосимова баромад намуда зикр дошт, ки дар кишвари мо Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба зидди коррупсия» қабул гардидааст ва Фармони Президенти мамлакат  аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504   «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2013 -2020» ба тасвиб расида буд, ки барои амалӣ гардонидани он тамоми аҳли ҷомеа вазифадоранд.

Набзи Қайроққум дар расонаҳои ватанӣҲар ки раҳ паймуд, ба манзил мерасад…

«Сухани халқ» 30.09. соли 2015, №36.

Маводи Илҳом Мадализода дар бораи марҳум, собиқ раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Содиқ Ҳомидови зиндаёд дарҷ гардидааст.

Саҳми «Апрелевка» дар ободсозии роҳҳо

«Ҳақиқати Суғд» 3.10. соли 2015, №119.

Саҳмгузории ҶМ ТКММ «Апрелевка» оид ба таъмири пул ва роҳ фарогири хабари номбурда мебошад.

Маҳфили мусиқии халқӣДар толори хонаи маданияти «Дӯстӣ»-и шаҳраки Адрасмон ба муносибати 65-солагии ҳунармарманди шинохта, танбӯрнавози варзидаи адрасмонӣ Турғунбой Тиркашев маҳфили адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил ҳунармандони варзидаи вилоят Абдураҳмон Ашӯров, Мамадҷон Ҳаитов, Даврон Абдуллоев, Ҷамшед Ғаффоров, Дилфуза Фозилова, Усмоналӣ Рустамов, Абдуворис Абдуҷабборов ва дигарон аз шаҳру навоҳии Спитамен, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ашту Қайроққум ширкат варзида, бо суруду мусиқиҳои ҷаззоби классикӣ ва бо санъати баланди навозандагӣ дар асбобҳои мусиқии танбӯру рубоб, ғиҷҷаку дутор табъи иштирокчиёни маҳфилро болида гардониданд.

Аёдати адибаи адрасмонӣГурӯҳи эҷодкорон бо адибаи адрасмонӣ Қумрӣ Юлдошева, ки тайи чанд сол дар бистари беморӣ мебошад, мулоқот намуданд. Ба бемории худ нигоҳ накарда ин бонуи зиндадил ба эҷоди шеър машғул буда, ашъораш дар саҳифаҳои рӯзномаҳои  шаҳрӣ ва вилоятӣ мунтазам нашр мешаванд.

Дидорбинии адиба бо роҳбари адибони узбекзабони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Урунбой Усмонов, адиби қайроққумӣ Илҳом Раҳим ва намояндаи Ҷамоати Адрасмон Абдулмаҷид Сиддиқов хеле самимӣ ва хотирмон ба вуқӯъ пайваст. Урунбой Усмонов роҷеъ ба маҷмӯаи шеърҳои ба чоп омода намудаи адиба сухан ронда, оид ба завқи баланд ва муҳтавои ашъораш ибрози ақида кард. Дар навбати худ адиба ба доир ба нақшаҳои эҷодиаш ҳарф зада, нисбати ҳусни таваҷҷуҳ ва дастгириҳои мақомоти маҳаллӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайроққум дар матбуоти даврДастоварди саноатчиён

«Ҷумҳурият» 6.10 соли 2015,№200

Хабари Рустамҷон Одизода оид ба дастовардҳои саноатчиёни шаҳри Қайроққум дар 8 моҳи соли равон дарҷ гардидааст.

Фаъолияти «Суғдкабел» дар Қайроққум

«Садои мардум» 6.10 соли 2015,№133

Нигоштаи Абдувосит Салимзода таҳти унвонии болоӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз ба фаъолият шурӯъ кардани ҶДММ «Суғдкабел» интишор ёфтааст.

 

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2388
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4018
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13456
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:36297
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41507
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145625
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6317491

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?