Санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Консой тибқи нақшаи кории Суди шаҳри Гулистон бо сокинони шаҳрак вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Судяи суди шаҳри Гулистон Раҷабзода Сорбон, корманди суди шаҳри Гулистон Бобозода Муҳаммад ва котиби маҷлиси суди шаҳри Гулистон Комилзода Шоҳрух иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, №668 Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Состоялась встреча сопредседателей правительственных делегаций Таджикистана и Кыргызстана по делимитации и демаркации государственной границы
- Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
- ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" МУАЙЯН ГАРДИДАНД