Дар Боғи “24-солагии Истиқлолият” Рӯзи шаҳр бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкитлот, идораву муассисаҳо, сокинон, меҳмонони сершумор ботантана таҷлил карда шуд. Дар шафати Боғ намоиши шавқангези дорбозони истаравшанӣ ба гулистониён манзур гардида, дастпарварони мактабҳои мусиқӣ ва рассомии бахши фарҳанг бошад ҳунару маҳорати хешро дар навозиши асбобҳои мусиқӣ ва расмкашӣ ба иштирокдорони чорабинии идона дар гулгаштҳои боғ пешкаш намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни табрикоти гулистониён ба муносибати рӯзи шаҳр зикр намуд, ки пас аз таҷлили бошукӯҳи Иди бузурги миллиамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолият ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлолият мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳр аз 13 адад ба 30-то расида, номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолӣ аз 13 номгӯй ба 82 номгӯй баробар шудааст. Агар 26 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулотҳои саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, пас алъон ин нишондиҳанда дар охири соли 2016-ум ба 2,1 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса 238 маротиба зиёд шудааст.