Омӯзгорони арҷманд ва донишҷӯёну хонандагони азиз!
Муҳтарам устодон ва донишҷӯёни Академияи вазорати корҳои дохилӣ!
Ҳамватанони гиромӣ!
Имсол мулоқоти анъанавии мо ба ифтихори Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил якҷо бо ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон – бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.