31 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд “Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ ва огоҳкунии шуъояш баланд мутобиқ ба талаботҳои дараҷаи якуми “ИКАО” - Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ бо маблағи умумии 26 миллион сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сохта шудааст.
Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар дилхоҳ вақти шабонарузӣ, новобаста аз вазъи ҳаво ба сифати баланд ба амал бароварда шавад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Тақдими тӯҳфаҳо ва ташкили дастархони идона барои 150 нафар ятими кул дар шаҳри Хуҷанд
- Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ”
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент