Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо иштироки ҷомеаи меҳнатии Қисми Мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ҷаласа доир гардид.
Раиси шаҳр роҷеъ ба таърихи ташаккул ва рушди ин ниҳод дар мамлакат сухан ронда, аз ҷумла зикр дошт, ки зиндагии имрӯза барҳақ тасдиқ мекунад, ки кормандони мақомоти хадамоти оташнишонӣ корномаи бемисли падарон, бародарон ва рафиқони хешро идома дода, ҳоло ҳам намунаи олии мардонагӣ, шуҷоат, маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар роҳи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта ғайрату матонат зоҳир месозанд.