Санаи 30 август, дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни маҷмааи олии таълимии навбунёд роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд.