Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳудуди шаҳри Гулистон чорабиниҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, тавсеаи корҳои бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ дар доираи Соли ҷавонон ба хотири дастгирии ҷавонону наврасон, дар онҳо бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба бунёдкориву созандагӣ ва ба варзишу солимгардонӣ тақвият меёбанд.
Имрӯз дар шафати соҳили «Баҳри тоҷик» боз як иншоот барои ҷавонон ифтитоҳ гардид. Майдончаи сунъии варзишӣ бо андозаи 42х22 метр барои тамрин ва баргузории мусобиқаҳо оид ба футбол барои ҷавонону наврасон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дӯстдорони ин намуди варзиш ба фаъолият шурӯъ намуд.