Матни равон

Дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор дар доираи силсилаи чорабиниҳои идона ба муносибати 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ озмуни рассомони наврас таҳти унвони «Ваҳдат дар тасвири хонандагон» дар назди МТМУ №10-и шаҳрак ташкил ва гузаронида шуд.

Дар озмуни номбурда зиёда аз 45 нафар хонандагон иштирок намуданд.

Аз рўи натиҷаҳо маълум гардид, ки хонандаи синфи 8-ум Гулзода Мирзоалиева сазовори ҷойи аввал ва хонандагони синфи 11-ум Мухлиса Содиқова ва Заррина Давкарова ҷои дуюму сею дониста шуданд.

Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар китобхонаи марказӣ якҷоя бо комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдаки назди МИҲД-и шаҳр бо иштироки котиби масъули комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак Д.Шокирова ва ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ МТМУ-и №14 М.Акрамова ва ноболиғони душвортарбияе, ки дар қайди ШВКД меистанд мизи мудаввар таҳти унвони «Насиҳат гўш кун ҷоно…» гузаронида шуд.

Директори китобхонаи системаи марказонидашуда Б.Мирзоева ва Д.Шокирова суханронӣ намуда, ба ноболиғон маслиҳатҳои муфид дода, онҳоро ба китобхонӣ даъват намуданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки кормандони китобхона барои онҳо намоиши китобӣ ва рўйхати тавсиявӣ омода намудаанд.

Дар давоми панҷ моҳи аввали соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 1 миллиарду 308 миллиону 922,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132,8 фоизро ташкил дод.

Шумораи умуми кормандон дар шаҳри Гулистон ба 10761 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 627 нафар зиёд мебошад. Музди миёнаи маош дар ҳамаи соҳахои хоҷагии халқи шаҳр 1888 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 286 сомонӣ зиёд аст.

Тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдак дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ҷамъбасти озмунҳои шаҳрии «Офарин», «Ҳуқуқҳои худро меомўзем», «Осмони соф» ва «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардида, ғолибон бо туҳфа ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир барои бачаҳо санъаткорони бахши фарҳанг ва дастаҳои ҳунарии макотиби шаҳр барои тамошобинон барномаи марғуби консертиро таҳти унвони «Мо баччагони хушбахти истиқлолем» манзур намуданд.

Бо ташаббуси Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар арафаи Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдакон баҳри болида гардонидани хотири маъюбони бистаришуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 20 нафар кўдакони маъюб 2000 сомонӣ ва 28 нафар ятимони кул 2800 сомонӣ, дар маҷмўъ 4800 сомонӣ кумаки яквақтаи пулӣ супорида шуд.

Чунин чорабиниҳо дар маҳаллаҳои маркази шаҳр ва Ҷамоатҳои шаҳракҳо низ гузаронида шуда, кўдакони маъюб ва ятимон аз ҷониби намояндагони мақомити иҷроияии ҳокимияти давлатии шаҳр аёдат ва қадрдонӣ шуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1126
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2180
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7340
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12879
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:23802
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8368375

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?