Матни равон

Имрӯз, 31.12.2024 дар қисми ҳарбии 0216-и  дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмон чорабинии  идона бахшида ба Соли нави мелодии 2025 баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Баротзода Сарҳад Барот суханронӣ намуда,  афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва тамоми ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бахшида ба Соли нави мелодӣ шодбош намуд.

Баъд аз фарҷоми чорабинӣ ба афсарону сарбозон дастархони идона ташкил карда шуд.

Санаи 31 декабри соли 2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба беш аз 30 нафар ятимони кул туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Зимни суханронии худ Раиси шаҳр иброз дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида шуда, зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Чун анъана таҳти сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иду ҷашнвораҳо кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Мо дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2025 қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамагонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон табрик гуфта, ба ҳар як сокини шаҳр саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.

Соли 2024 дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.

Санаи 30.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дарси навбатии курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” ҷараён гирифт.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ба шунавандагони курс баён дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида мавзуи навбатӣ баррасии асари пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” мебошад.

Мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев доир ба муҳтавои асар ва аҳамияти он ба иштирокчиён маълумот дод.

Имрӯз, 30.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа  Раиси Шуро Прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода, аъзои Шуро сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Одиназода Шодӣ Лоҳутшо, муовини сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Муродов,  сардори нозироти андози шаҳр исмат Холов,  иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳр Мафтун Қурбонзода иштирок намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:275
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2180
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8487
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12508
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:22951
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8367524

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?