Матни равон

Ҷалби хонандагон ба донишБо ҳадафи дарёфти истеъдодҳои нав, таъмини майлу хоҳиши толибилмон ба донишомӯзӣ, ҷалби онон ба фарҳанг, варзиш, ва касбомӯзӣ дар назди муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис ёфта истодааст.

Рисолати асосии Марказ фароҳам овардани шароити мусоид ба инкишофи қобилияти зеҳнӣ, дастгирии равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии наврасони болаёқат, мусоидат баҳри ташаккули худшиносӣ ва густариши фаъолияти илмию методӣ, инноватсионии омӯзгорон, ихтироъкорӣ ва амсоли инҳо мебошад.

Мардум қаноатмандБо ибтикори Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба фаъолият оғоз намудани «Бозори марказӣ» боиси  қаноатмандии шаҳрвандону меҳмонон аст. Дар ин маркази савдо молҳои ниёзи мардум фаровон буда, эҳтиёҷоти ҳар як харидорро бо нархҳои дастрас қонеъ мегардонад.

-Баҳри ободиву зебогӣ, тоза нигоҳдории  муҳити бозор ва сатҳи хуби хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад – аснои сӯҳбат иброз дошт, директори «Бозори марказӣ» Аваз Бобоназаров.

Бо ҷонибдорӣ аз иқдоми Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум доир ба шанбеи сеюми ҳар моҳ гузаронидани Рӯзи санитарӣ ва тозагӣ бошандагони кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромаданд.

Заҳмати аҳлона боиси тозагии атрофи биноҳои баландошёна ва роҳу пайроҳаҳо гардид. Сокинони хонаҳои истиқоматии рақамҳои 13, 15 ва 17 фаъолнокӣ нишон доданд.

Маҷаллаи вилоятии «Ноҳид» шумораи навбатии хешро чун армуғони қомуси идона ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонувонҳои шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» бахшид.

Нахустсафҳаи маҷалла бо акс, ҳолнома ва маводи Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оғоз меёбад. Мутолиаи қомуси идона хонандаро бо фаъолияти 88 нафар бонувонҳои гуногункасб шиносо месозад, ки музаффариятҳои ҳар яки онон муҳиму арзишманд арзёбӣ мегардад.

Солрӯзи паймони Ваҳдат25 июн дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум тантанаи бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши идона бо пахши Сурули милли оғоз ёфт. Раиси шаҳр ҳозиринро бо ин рӯзи саид муборакбод гуфта баргузории чорабиниро   нишони арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат, ягонагии аҳли диёр арзёбӣ намуд. Посухи мо, иқдоми мо алайҳи нотавонбинони миллат ин иттиход, тавҳид ва созандагист. Барҳақ Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфтаанд:

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:220
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1187
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3932
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:57485
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7699405

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?