Матни равон

Модарон ва хоҳарони арҷманд!

Бонувони шуҳратёри шаҳр!

Ҳар сол, одатан ҷашни зебо ва руҳафзои 8 март – Рӯзи Модар аз фаро расидани фасли сабзаву гул ва эҳёи табиат муҷда мерасонад, ки ин бо сиришти неки модарон созгор ва ба ниҳоди поки онҳо ҳамҷавор аст. Соли ҳафтум аст, ки мо 8-уми мартро ба сифати Рӯзи модарон бо пешниҳоди Пешвои хирадманди миллат таҷлил менамоем. Бинобар ин, мо ҳамеша ин иди фархундаро бо дили гарму эҳсоси латиф истиқбол мегирем ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунем.

«Ҳаштуми март воқеан яке аз зеботарин ҷашнҳои сол мебошад. Ин рӯзро ҳамаи мо бо як эҳсоси гарм ва хушҳолӣ пешвоз мегирем, зеро он ҷашни хосаи занону модарони мо - тарбиятгарони наслҳои башарият, офарандагони нуру зебоӣ ва покизагӣ мебошад».

Дар МТМУ №13 шаҳраки Адрасмон бо сармавзӯи «Ватанам-Тоҷикистон» машғулияти 92-умини маҳфили муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию доимоамалкунандаи «Корвони маънавиёт» ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ибтидо роҳбари маҳфил АкбаралӣУсмоналиев роҷеъ ба нақшаву ҳадафҳои маҳфил ибрози андеша карда, роҳбарон ва аъзои 9 зермаҳфилҳоро доир ба ҷараёни он тибқи нақша муваззаф намуд.

Дар толори варзишии МТМУ  №3 бахшида ба Рӯзи Модар мусобиқаи волейбол таҳти шиори «Оилаи солим, ҷомеаи солим» байни духтарон ва писарон байни 6 даста гузаронида шуд. Дар фарҷоми мусобиқа дастаҳои ғолиб бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, беҳдошти тарзи ҳаёти солим, баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ ва маънавиёти ҷавонон баҳри эмин будани онҳо аз хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир, худкушӣ, пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, тамоилҳои бегонапарастӣ ва бо ин васила тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, муқаддасоту арзишҳои миллӣ вохӯрии намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори муассисаи таълимии №3-и Ҷамоати Консой бо ҷавонон баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъол, омӯзгорони ҷавон, пирони рӯзгордида, падару модарон, варзишгарон ва раисони маҳаллаҳо ширкат варзиданд. 

Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар МТМУ-и №3, шаҳраки Консой бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва иштироки фаъолона дар пешрафти ҷомеа вохӯрӣ доир гардид.

Роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Саида Ғоибова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Фахриддин Бегов ва директори МД “Мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Қайроққум” Темурхон Қаюмов дар назди мактабиён баромад намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:169
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2957
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9721
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19706
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60083
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8568517

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?