Матни равон

Дар шаҳри Қайроққум 21 декабр боз як корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар маросими ифтитоҳи ҶДММ «Шӯҳрат -2005» Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иштирок варзида, баромад кард. Мавсуф қайд намуд, ки корхона дорои худуди 150 гектар замин буда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони чинӣ ба азнавкоркарди партовгоҳи маъдан ибтидо бахшида, дар ин замина то 60 нафар  ҷавонони худи шаҳракро дар марҳилаи аввал ва баъдан то зиёда аз 100 нафарр бо ҷои кори доимӣ ва музди маоши баланд таъмин менамояд.

Кормандони соҳаи энергетикаи кишвар ҳар сол. чун анъана 22 декабр - Иди касбии худро ҷашн мегиранд.

Бо таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика, ки асоси пешрафти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, сол аз сол инкишоф ёфта, дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта мешавад. Вазъи барқтаъминкунӣ дар оғози истиқлолияти кишвар ва имрӯз аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад.

Барои таъмини мӯътадили хоҷагии халқ ва аҳолии мамлакат бо нерӯи барқ ҳоло аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла бунёди чандин лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои хурду миёна роҳандозӣ шуда, азнавсозии НБО-и Роғун бо маром идома дорад.

Таҳти чунин унвон барномаҳои рангини консертӣ аз 21 то 31 декабр, ҳар рӯз аз соати 15:00 дар боғи фарҳангу фароғатии «24-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» доир мегардад.

Дар чорабинӣ Бобои Барфӣ, Барфак ва суруду тарона, рақсҳои ҷолиб аз ҷониби ҳаваскорони санъати шаҳракҳо, муассисаҳои таълимӣ ва муҳассилини коллеҷи тиббӣ манзури сокинону меҳмонони шаҳр мешавад. Аз лаҳзаҳои хуши фароғат дар канор намонед.

Телефон барои маълумотҳои иловагӣ: (83443) 2-23-64.

Бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба муносибати истиқболи Соли Нав дар Маркази хушҳолии «Манижа» бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, сарвари «Бунёди шафқати Т.Зокирова» Турсуной Зокирова 18 декабр барои 150 нафар кӯдакону наврасони эҳтиёҷманд дастархони идона ташкил карда шуд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода оғоз ёфт.

Бо дастуру ҳидоятҳои Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар арафаи иди Соли Нав корхонаи навтаъсиси ҶДММ «Шӯҳрат -2005» бо сарварии Бобохон Раҳмонов ба 60 нафар табақаҳои гуногуни ҷомеа ва 150 нафар кӯдакони шаҳрак дастархони идона оростанд. Аз саховати ин ҳимматбаландон таъби  хурду калон болида гардид.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:558
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14313
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:558
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23795
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55835
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64781
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8465189

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?