Мусаллам аст, ки Қайроққум миёни шаҳру навоҳии мамлакат чун шаҳри рушдёфтаи саноатӣ, ба виҷа саноати маъдани кӯҳӣ шинохта шудааст.Буҷаи шаҳр низ аз бисёр ҷиҳат иртиботи қавӣ пайдо мекунад аз фаъолияти мӯътадили ин самт ва аз ҳамин ҳисоб масоили мубрами иҷтимоии шаҳр ҳаллу фасл мешавад.
Мушоҳидаҳо аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, дар ҳамаи самтҳо аз он бозгӯйӣ доранд, ки дурнамои соҳа боз хам шаффофтар буда, аз ин ҳисоб иқтисодиёти шаҳри Қайроққум рушд хоҳад кард. Масалан, дар панҷ моҳи сипаришудаи соли равон кулли корхонаҳои саноатии шахр сарфи назар аз моликияташон тавлиди маҳсулотро ба мабалғи 438 миллиону 15,6 ҳазор сомонӣ ба роҳ мондаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 32,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.