Бо пайравӣ ба иқдомҳои башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи фархундаҷашни миллат ёрии хайрияи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат расонда шуд.
Бо ин мақсад кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона бо сарварии мудири шуъбаи номбурда Дилором Ёқубова маводҳои хўрокаро ба В.Самадов, А.Маллаев, М.Махсудов, А.Полвонов, Н.Гарипова, О.Валиахметова, Ф.Рахмонов, Н.Редкоусова, О.Тохирова, Л.Гавриленко ва дигарон дастрас намуданд. Сипосгузории эшон ифодагари хушбахтию хурсандии онон аз соҳибистиқлолии кишвар буд.






Зери ҳамин унвон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 12, деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон ҳамоиши ҷомеаи меҳнатии омўзгорону муҳассилин доир шуд. Ҷиҳати боз ҳам рангину пурмўҳтаво ҷараён гирифтани чорабинии мазкур меҳмонони зиёд: адибону олимон, хабарнигорон ва дигар нафарони касбу кори гуногуни деҳа дар саҳни ин маърифатгоҳ сарҷамъ омаданд.















