Матни равон

Тантанаҳои соли нави таҳсилДар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр Рӯзи дониш ба тантана ва иди бошукӯҳе мубаддал гардид. Муовини раиси шаҳри Қайроққум Fайратҷон Оқилов зимни баромади  хеш назди омӯзгорону хонандагон ва падару модарон дар МТМУ-и №1 оид ба таҷлили рӯзи аввали таҳсил, моҳияту ғояи безаволи сулҳу озодӣ, перомуни соли нави таҳсил ва ғамхориҳои ҳукумату давлат ба соҳаи маориф ҳарф зада ба ҳозирин барори комгориҳои тозаро таманно намуд.

Раиси шаҳр аз дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, саҳми Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар инкишоф ва пешрафти кулли соҳаҳои ҷомеа ба виҷа, маориф мусбӣ арзёбӣ кард.

Муборакбодии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода  ба муносибати Рӯзи донишОмӯзгорони мӯҳтарам!

Толибилмони азиз!

Рӯзи сешанбе, 1-уми сентябр дар саросари кишвар Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар аксари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи сулҳро низ таҷлил мекунанд, ки ин бесабаб нест. Дониш ва сулҳ бо ҳам тавъаманд.

Дар Паёми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд».

Мактаб даргоҳи аз худ кардани донишу маърифат, одобу фарҳанг ва тарбияи ахлоқи ҳамида мебошад. Зеро дар ботини ҳар як наврасу ҷавон тарбия кардани ҳисси инсондӯстиву накӯкорӣ, ба камол расонидани насли бонангу номус ва соҳибмаърифату соҳибкасб, дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон густариш додани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, аз мактаб сарчашма мегирад.

28 августи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳраки Зарнисор ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шукри истиқлолат, кишварам!» чорабинии васеъи идона доир гардид.

Нахуст раиси Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявии «Тоҷикметалл» Абдулло Холиқов назди ҳозирин оид ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҳарф зад. Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова низ баромад карда ба 6 нафар фаъолони шаҳрак шаҳодатномаи ҳизбӣ супорид. Директори генералии ҶДММ «Ширкати саноатӣ - кӯҳии  Тоҷикистону Хитой» Ян Чҷи Сай кулли ҷамъомадагонро шодбош гуфт. Хатнасӯри 6 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд сурат гирифт. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Убайдулло Анваров ва Акбарҷон Маллаев лавозимотҳои мактабиро ба хонандагони МТМУ-и №10 супориданд. Ба собиқадорони меҳнат ва машъалони истеҳсолот тӯҳфаҳои хотиравии ширкат дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ҳадаф: баланд бардоштани сатҳи донишИмрӯз, 26 август машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Қайроққум дар Кохи Истиқлол ба вуқӯъ пайваст. Мудири шуъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъдан риштаи сухан ба Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дода шуд. Раиси шаҳр ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсили 2015-2016 таҳният гуфт ва дар иҷрои кори таълиму тарбияи насли наврас барори кор таманно кард.

Баробари таҳлили соҳа, дастуру вазифагузориҳо Раиси шаҳр таъкид дошт, ки минбаъд низ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои рисолати аслии хеш – омӯзиш ва парвариши насли ҷавони ояндасози миллат, кӯшишу талошҳои хастагинопазир устодону омӯзгорон ба харҷ диҳанд.  Сипас намояндаи Раёсати маорифи  вилоят Бахтиёр Сарҳадов баромад кард,. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муяссар Ҳайдаров оид ба як соли фаъолияти кормандони соҳа ҳисобот дод.

Тибқи дастури Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 10 то 31 августи соли 2015 аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони  халқи шаҳр ва саховатмандон аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» гузаронида шуда истодааст.

Аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Матлубахон Амонзода ба 147 нафар ва Бахтиёр Маҷидов ба  10 нафар  кӯдакон аз оилаҳои камбизоат либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3157
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:12550
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24234
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9713
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53728
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8329829

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?