Фарорасии Рӯзи муборак ва фархундаро, ки ба номи қофиласолори адабиёти тоҷику форс-устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тақвими навини миллати мо аз баракоти соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз сабт шудааст, ба тамоми мардуми шарифи шаҳр самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тавфиқу сарбаландӣ ва дастовардҳои нек таманно менамоям.
Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тамаддуни миллати мост».