Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба “Соли 2016-Соли фарди солим” аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Турсуной Зокирова ба муассисаҳои тандурустии шаҳр таҷҳизотҳои муосири тиббӣ тўҳфа карда шуд.
Дар маросими супоридани таҷҳизотҳо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, муовини сардори Раёсати тандурустӣ Индира Акмалхўҷаева, раиси КИ шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова иштирок ва арзи сипоси хешро барои ин амали хайру саховатманд ба Турсуной Зокирова иброз доштанд. Кулли кормандони соҳаи тандурустӣ аз кори наҷибонаи вакили мардумӣ болида гар






Зери ҳамин унвон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 12, деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон ҳамоиши ҷомеаи меҳнатии омўзгорону муҳассилин доир шуд. Ҷиҳати боз ҳам рангину пурмўҳтаво ҷараён гирифтани чорабинии мазкур меҳмонони зиёд: адибону олимон, хабарнигорон ва дигар нафарони касбу кори гуногуни деҳа дар саҳни ин маърифатгоҳ сарҷамъ омаданд.















