31-уми май дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Конфронси VII Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид.
Вакилони конфронс панҷ масъаларо мавриди ҳаллу фасл қарор доданд. Аз рўи масъалаи аввал оид ба ҳисоботи Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон аз моҳи августи соли 2011 то моҳи майи соли 2016 Муҳаммадҷон Файзуллоев , раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баромад намуд. Собиқадорони меҳнат Абдурасул Қодиров ва Санавбар Нуруллоева ба музокира баромаданд. Баъдан ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат А.Эгамбердиев шунида шуд. Аз рўи ин масъала вакили конфронс Султон Каримбердиев музокира кард.






Нигаҳдорандаи ҳар ҷомеа, бақои ҳар миллат, идомадиҳандаи насли инсонӣ бешубҳа, ин кўдаконанд. Ғамхориву мехрубонӣ дар ҳаққи кўдакон, ин худ меҳрубонӣ ба давлату давлатдорӣ мебошад. Ҳамин аст, ки тибқи анъана ҳар сол рўзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон арҷгузорӣ мешавад. Солҳост, ки ин рўз миёни мардуми мо низ чун аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад.














