Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар муассисаву корхонаҳо кормандони қисми мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Қайроққум дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳр ва дигар ниҳодҳои масъул корҳои ташвиқотивуу тарғиботиро роҳандозӣ, бо коргарону хизматчиён ҷиҳати риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дастурҳои иловагӣ бо машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуд.
Чунин як чорабинии мақсаднок дар беморхонаи маркази шаҳр, ки барои табобати 150 нафар беморон пешбинӣ ва дар он зиёда аз 65 нафар кормандони тиб фаъолият доранд, доир гардид.