Равандҳои ҷаҳонишавии ҷомеаи муосир босуръат идома доранд. Суол ба миён меояд, ки оё ин омилҳо ба манфиатҳои миллӣ мухолифатпазир нестанду хавфи бегонапарастиро дар худ таҷассум намекунанд ва ғояи мазкур урфу одат, меҳанпарастӣ, забон, таърих, фарҳанг ва аз ҳама беш муттаҳидиро ғарқи худ намекарда бошад?
Посух ба ин суол дар Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони шаҳр, ки таҳти сарварии Раиси шаҳри Қайроққум, раиси Шӯро Матлубахон Амонзода бо иштироки аъзоёни Шӯро ва роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, имом-хатибони масҷидҳо доир гардид, бо муҳокимаи се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.