Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои мардумии мо аз қабили Наврӯзи байналмилал, Меҳргон ва Тиргон мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо файзу баркати хосаи идҳои аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, онҳо ба густариши оинҳои мардумӣ мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо месозанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин ҷашни ниёгон чунин гуфтаанд: “Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки дар аҳди қадим, махсусан, замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол мегардид ва дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, шаш сол аст, ки дар саросари кишвар баргузор мешавад. Дар айёми таҷлили ин ҷашн мардум шодиву хурсандӣ карда, анъанаҳои неки халқамонро такмил мебахшанд ва фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд”.