Норасоии йод дар намак боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар натиҷаи норасоии йод пайдоиши бемориҳои паст рафтани сатҳи тафаккур, бачапартоӣ, тавлиди кӯдаки мурда, камақлӣ ва амсоли инҳо аз эҳтимол дур нест.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007, таҳти №264 «Дар бораи йодноккунии намак» ба солимии ҷомеа, тарғиби истифодаи намаки йоднок ва назорати давлатии пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йодро фарогир мебошад. Йод барои фаъолияти муътадили ҳар як шахс, махсусан барои инкишофи ҷисмонию фикрии кӯдак ва пешрафти ӯ дар таҳсил муҳим аст.






Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр марбут ба сиёсати иҷтимоӣ сол то сол ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода барои таъмиру таҷдиди шуъбаи сироятӣ ва амрози занонаи сохтори госпиталӣ аз буҷаи маҳаллӣ 232 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Интишороти «Раҳим Ҷалил»-и шаҳри Хуҷанд маҷмуаи шеърҳои адиби адрасмонӣ Мақсудҷон Мирзоабдуллоевро бо забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Ёнар дарё» («Дарёи сӯзон») ба табъ расонд.













