Панҷшанбеи гузашта Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Ҷавонон – идомадиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар» дар қаламрави шаҳр гузаронида шуд.
Дар гузаронидани хониши сиёсӣ тарғиботчиёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Фаррух Турсунов, мудири кафедраи Донишкадаи савдо ва иқтисоди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Мавҷуда Ӯрунова ва Муътабархон Бобоева дотсентони кафедраи ДДХ, ба номи академик Б.Ғафуров, дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё, Маркази саломатӣ ва тарғиботчиёни маҳаллӣ дар корхонаву муассисаҳо баромад намуданд.






20 май дар Кохи Истиқлол мулоқоти Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо ҷавонон баргузор шуд. Раиси шаҳр зимни суханронӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, атрофи масъалаҳои шароити мусоид фароҳам овардан баҳри нерӯ ва заковати ҷавонмардони онҳо бо ҳадафи сарҷамъии миллату ободии Ватан, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ дорад ҳарф зад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша дастгиру ҳимоятгари сиёсати дурнамои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии Қонуни ҶТ «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» буда ҳамаи пешниҳоду иқдомҳои наву созандаи онҳоро ҷонибдорӣ хоҳад кард, -таъкид дошт Раиси шаҳр.
Бахшида ба 74-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, равоншод Лоиқ Шералӣ дар Кохи Истиқлол маҳфили ёдбуди «Ман баъди ҳазор меоям боз» доир гардид. Кормандони китобхонаи марказӣ барои дӯстдорони назму наср намоиши китобҳои бадеии нобиғагони аср - шоири тавонои халқ Мирзо Турсунзода ва ахтари самои сухан Лоиқ Шералиро ба марази тамошо гузоштанд.
Имрӯз, 19 май дар маҷмаи варзишии ба номи «Абдураҳмони Ҷомӣ»-и шаҳри Қайроққум мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба футболи хурд бо иштироки тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз ёфт.














