Санаи 06.12.2022 дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муслимахон Ҷамолиён иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуд. Зикр карда шуд, ки Он гунаеки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, дар воқеъ соли 2022 барои мо соли бобарор буд. Дар натиҷаи заҳмати содиқона корҳои созанагиву бунёдкорӣ мунтазам идома ёфта, нақшаҳои пешбинигардида самаранок истифода гардиданд.