Имрӯз, 30.09.2024 ба ифтихори 817-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 1-и маркази шаҳр маҳфили илмӣ адабӣ баргузор карда шуд.
Дар маҳфили илмӣ-адабӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Рустамҷон Боқиев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳр ва директори муассиса Муҳаббат Ҳакимова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тавассути сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чеҳраҳои оламшумули адабиёту фарҳанги мо аз нав зинда ва хотираи онҳо абадӣ гардонида шуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои иншоот ҳангоми заҳролудшавӣ аз моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда
- Шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаҳои навтаъсиси шаҳри Гулистон
- Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон–василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!